Сафарбарии 12 адад нақлиёти оташнишонӣ барои хомӯш кардани сӯхтор дар бинои тарабхонаи Шукрона

Рӯзи 28-уми июни соли 2018, соати 08:16-дақиқа, дар боми бинои тарабхонаи «Шукрона», мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Топаз», воқеъ дар кӯчаи А.Дониш 59-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, фавран ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор 12-адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир […]

Рӯзи 28-уми июни соли 2018, соати 08:16-дақиқа, дар боми бинои тарабхонаи «Шукрона», мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Топаз», воқеъ дар кӯчаи А.Дониш 59-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, фавран ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор 12-адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон дар соати 08:20-дақиқа, маълум гашт, ки дар масоҳати 200 метри мураббаъ алангаи оташ болопӯши боми бинои тарабхонаи «Шукрона» ва ошёнаи 3-юми бинои онро фаро гирифта аст.

Дар натиҷаи амалиётҳои саривақтии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва кормандони милитсия сӯхтор дар масоҳати аввалааш соати 09:18-дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Ашёҳои дохилӣ бинои тарабхона, молу амволи шаҳрвандон ва хонаҳои истиқоматии гирду атрофи маҳалли ҳодиса аз тарафи оташнишонон эмин нигоҳ дошта шуданд.

Дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас ҷароҳат набардошта ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, таҳқиқи сӯхтор идома дошта, сабаб ва зарар муайян карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.