Қадрдонии «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик» бо Шоҳҷоизаи озмуни байналмилалӣ

Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ

Ҳайати ҳакамони Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ, ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт, «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик»-ро бо як овоз сазовори Шоҳҷоизаи озмун донистанд.

Донишномаи мазкур аз ҷониби Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик интишор ёфтааст.

Инчунин ду китоби дигар дар бахшҳои гуногун сазовори ҷойҳои аввал гардиданд: «Мероси фарҳанги ғайримодии Тоҷикистон» (нашриёти Эр-граф) дар бахши «Гуфтугӯи фарҳангҳо» ва «Шиносоӣ ва хотира» (Н. Сафаров, Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) дар бахши "Адабиёти таьлимӣ ".

Китобҳои «Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ» (нашриёти Ношир) дар бахши «Нашри Иттиҳод» ва «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) дар бахши «Кишвари ман» сазовори ҷойҳои дуввуми озмун гардиданд.

«Дили Осиё. Тоҷикистон ва тоҷикон дар назми рус» («Сердце Азии. Таджикистан и таджики в русской поезии») (нашриёти Маориф) дар бахши «Иттиҳод», «Биё шоҳмот мебозем» (Н. Салоҳиддинзода, нашриёти Маориф) дар бахши " Китоб барои кӯдакону наврасон " , китоби «Кавалерийские дивизии, сформированные в Таджтикистане в боях против Вермахта» (Г. Шерматов, нашриёти Орбита) дар бахши «Санъати ороиш», инчунин фотоальбоми «Хуҷанд» дар бахши «Арт-китоб» ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд.

Инчунин аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд, ки ба «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI» ва Донишномаи кӯдакони «Чӣ, кай, дар куҷо?», ки ҳар ду нашри Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик мебошанд, дипломҳои махсуси озмун супорида шавад.

Боиси зикр аст, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ аз соли 2004 инҷониб баргузор мегардад. Соли ҷорӣ дар озмуни мазкур зиёда аз 50 адабиёти тозанашр (нашри солҳои 2017-2018) аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Россия ва Беларус иштирок намуда, ҳайати бонуфузи ҳакамон, ки намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Беларус мебошад, ғолибони озмунро дар бахшҳои гуногун муайян намуданд.

Ҳакамони озмун зикр намуданд, ки аз Тоҷикистон соли равон барои иштирок дар озмун се Донишнома пешниҳод гардид. «Нашри се Донишнома дар муддати як-ду сол кори саҳл нест, ва ин аз он далолат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашри адабиёти зарурӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд», – гуфт Александр Воропаев, ки аъзои ҳакамон аз Федератсияи Россия буд.

Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ношириро ба уҳда дорад ва мутасаддии Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.