Манфиатдории Тоҷикистон ба истифода аз технологияҳои Кореяи Ҷанубӣ

Як ҳайати Кореяи Ҷанубӣ бо мақсади омӯзиши имконоти сармоягузории Тоҷикистон, ҳамчунин роҳандозии робитаҳои мустақими корӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ ва муайян кардани самтҳои ҳамкории оянда аз Тоҷикистон боздид намуд. Сафари панҷрӯзаи ҳайати доираҳои тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта ба итмом расида, дар ҷараёни сафар соҳибкорону тоҷирони ин кишвар як қатор вохӯриҳо, аз […]

Як ҳайати Кореяи Ҷанубӣ бо мақсади омӯзиши имконоти сармоягузории Тоҷикистон, ҳамчунин роҳандозии робитаҳои мустақими корӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ ва муайян кардани самтҳои ҳамкории оянда аз Тоҷикистон боздид намуд.

Сафари панҷрӯзаи ҳайати доираҳои тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта ба итмом расида, дар ҷараёни сафар соҳибкорону тоҷирони ин кишвар як қатор вохӯриҳо, аз ҷумла бо раҳббарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) баргузор намуданд.

Миёни ҳайати Кореяи Ҷанубӣ роҳбарони ширкатҳои саноатӣ, намояндагони тиҷорати хурду миёна, соҳаҳои гуногуни саноат, тиҷорати кишоварзӣ (агробизнес), сохтмон, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҳузур доштанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ПСС ҶТ.

Зимни вохӯриҳо роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноати истихроҷу кӯҳкорӣ, саноати сабук, бунёди роҳҳо, телекоммуникатсия, кори бонкӣ, савдо, сайёҳӣ ва ғайра ба сифати самтҳои ояндадори робитаҳои судманд зикр шуд.

Ҳамчунин зарурати роҳандозии истеҳсоли техникаи маишӣ, маҳсулоти гигиенӣ, кимиёи маишӣ, маснӯоти рақобатпазиру хушсифати саноати сабук бар асоси ашёи хоми маҳаллӣ бо истифода аз таҷриба, таҷҳизот ва технологияҳои нави Кореяи Ҷанубӣ қайд шуд.

Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Кореияи Ҷанубӣ наздики 16 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 ба андозаи 18% бештар аст. Қариб ҳамаи ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо ба воридоти маҳсулоти ин кишвар ба Тоҷикистон рост меояд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 16 корхонаи муштарак бо сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ амал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.