Дар сӯхтори бозори «Султони Кабир» се корманд айбдор дониста шуд

Нисбати се корманди бозори «Султони Кабир» аз рӯи далели сар задани сӯхтор ВКД Тоҷикистон мутобиқи моддаи 256-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. «Онҳо дар несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо оташ, дигар сарчашмаи хатараш зиёд, ки ба зиёни […]

Нисбати се корманди бозори «Султони Кабир» аз рӯи далели сар задани сӯхтор ВКД Тоҷикистон мутобиқи моддаи 256-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

«Онҳо дар несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо оташ, дигар сарчашмаи хатараш зиёд, ки ба зиёни бузург ё оқибатҳои вазнин боис гардид, айбдор дониста мешаванд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон.

Ба онҳо дар шакли ҷарима ба маблағи то 50 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо таҳдид мекунад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, тақрибан ду моҳ пеш аз сӯхтори санаи 2 июн нозирони Сарраёсати оташнишонӣ аз рӯи натиҷаҳи санҷиши доиргардида дар бозори «Султони Кабир» се нафар масъулони таъмини бехатарии сӯхторро аз нуқсу камбудиҳои ҷойдошта огоҳ кардаанд.

«Санҷиши баъди сӯхтор нишон дод, ки ин кормандон ҷиҳати бартараф кардани нуқсу камбудиҳои қаблан ошкоршуда ҳеҷ  тадбире наандешидаанд», – қайд кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 2 июн дар Маркази савдои бозори «Султони Кабир» сӯхтор сар зада, он масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.