«Тоҷик Эйр»: Масъалаи парвози мусофирони ҳавопаймои бозгашта то шом ҳал мешавад

Барои азназаргузаронии ҳавопаймои таъҷилан ба фурудгоҳи Домодедово нишаста муҳандисон аз Душанбе ба Маскав сафарбар шуданд. Бино ба иттилои котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев, бинбар сабаби вайроншавии ҳавоногузарӣ (разгерметизасия) дар ҳавопаймои Boeing 737-300, ки бо хатсайри Маскав – Хуҷанд парвоз мекард, тасмим гирифта шудааст, ки ҳавопаймо ба фурудгоҳи Домодедово бармегардад. «Ҳамаи мусофирон дар […]

Барои азназаргузаронии ҳавопаймои таъҷилан ба фурудгоҳи Домодедово нишаста муҳандисон аз Душанбе ба Маскав сафарбар шуданд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев, бинбар сабаби вайроншавии ҳавоногузарӣ (разгерметизасия) дар ҳавопаймои Boeing 737-300, ки бо хатсайри Маскав – Хуҷанд парвоз мекард, тасмим гирифта шудааст, ки ҳавопаймо ба фурудгоҳи Домодедово бармегардад.

«Ҳамаи мусофирон дар меҳмонхона ҷойгир шуда, бо ғизо севақта таъминанд. Ҳамаи масъалаҳои ҷории вобаста ба мусофирон фаврӣ ҳал шуданд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, муҳандисони барои санҷишу таъмир ба Маскав сафарбаршуда дар фурсати наздиктарин маълумоти муфассал пешниҳод карда, баъди азназаргузаронии дахлдори техникӣ парвоз тариқи ин хатсайр анҷом дода мешавад.

«Масъалаи парвози дубора то шом ҳал мешавад. Агар ҳавопаймо то он замон дуруст шавад, мусофирон бо ҳамин ҳавопаймо сафар мекунанд. Лекин агар то он вақт дуруст нашавад, бо дигар ҳавопаймо ба Хуҷанд фиристода мешаванд. Ин масъала айни замон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», – хабар дод Азиз Хайруллоев.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби ноқисиҳои техникӣ (герметизация) ҳавопаймои хатсайри Маскав – Хуҷанд таъҷилан ба фурудгоҳи Домодедово баргашт. Ҳавопаймои Boeing 737-300 ширкати Tajik Air соати 01:03 ба вақти Маскав парвоз карда, бо худ 141 нафар мусофир дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.