Болоравии меъёрҳои аксиз ба машрубот ва тамоку дар Тоҷикистон

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 9 июни соли ҷорӣ меъёрҳои андози аксизӣ ба молҳои ҷудогона боло рафтанд. Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои андози аксизӣ ба баъзе молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва аз хориҷи кишвар воридмешударо тасдиқ намуд. Мувофиқи қарори нав, меъёри аксиз ба оби ҷав (пиво) аз 0,10 то 0,35 евро барои 1 литр, май (вино) – аз […]

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 9 июни соли ҷорӣ меъёрҳои андози аксизӣ ба молҳои ҷудогона боло рафтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои андози аксизӣ ба баъзе молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва аз хориҷи кишвар воридмешударо тасдиқ намуд.

Мувофиқи қарори нав, меъёри аксиз ба оби ҷав (пиво) аз 0,10 то 0,35 евро барои 1 литр, май (вино) – аз 0,25 то 0,84 евро барои 1 литр, спирти этилӣ (100%) – аз 2,5 евро то 4,1 евро барои 1 литр боло рафт.

Меъёрҳои аксиз барои маснӯоти тамоку нисбатан бештар афзуданд: сигарҳо – аз 0,80 евро то 8,5 евро барои 1000 дона, сигарет – аз 1 евро то 9,8 евро барои 1000 дона.

Ёдрас мекунем, ки марҳила ба марҳила болоравии андози аксизӣ ба маснӯоти тамоку ҳанӯз аз соли гузашта байни намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ баррасӣ мешавад. Намояндагони ҳукумат изҳор дошта буданд, ки то ҳол дар Тоҷикистон меъёрҳои пасттарини андози аксизӣ барои маснӯоти тамоку амал мекунанд.

Масалан, барои сигарети филтрдор – 1 евро барои 1000 дона ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар Қирғизистон ин меъёр 7 евро барои 1000 донаро ташкил медиҳад.

Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки меъёрҳои андози аксизӣ ба маснӯоти тамоку ба меъёрҳои мавриди истифода қарордошта дар кишварҳои ҳамсоя мутобиқ гардонида шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.