Имкони аз андозбандии дукарата канорагирии муҳоҷирони патентдор

Ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии машғули кор бо патент ба кам кардани пардохтҳои андозии худ аз музди меҳнат ба ҳамон миқдоре, ки ҳар моҳ барои патент пардохт мекунанд, ҳуқуқ доранд, қайд мешавад дар сомонаи Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия. Дар навбати аввал шумо бояд донед, ки канорагирӣ аз андозбандии дукарата танҳо ба касоне дахл дорад, ки расман […]

Asia-Plus

Ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии машғули кор бо патент ба кам кардани пардохтҳои андозии худ аз музди меҳнат ба ҳамон миқдоре, ки ҳар моҳ барои патент пардохт мекунанд, ҳуқуқ доранд, қайд мешавад дар сомонаи Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия.

Дар навбати аввал шумо бояд донед, ки канорагирӣ аз андозбандии дукарата танҳо ба касоне дахл дорад, ки расман кор мекунанд ва бо корфармо дар бораи иҷрои корҳо шартнома доранд. Мутаносибан, дар ин ҳолат корфармо уҳдадор аст, ки аз музди меҳнати шумо андоз пардохт кунад, вале агар шумо патент дошта бошед (агар шумо РВП ё ВНЖ надошта бошед, он бояд бошад), шумо метавонед барои баҳисобгирии пешпардохт ба андоз аз даромади шахсони воқеӣ (АДШВ) ба шуъбаи муҳосиботи худ ариза навишта, ба он нусхаи патенти худ ва квитансияҳо дар бораи пардохти ҳармоҳаро замима кунед.

Бар асоси аризаи шумо шуъбаи муҳосибот ба нозироти андоз муроҷиат мекунад. Дар нозироти андоз қонунӣ будани ба расмият даровардани патенти шумо, пардохти маблағи он ва огоҳиномаи корфарморо дар бораи имзои қарордоди меҳнатӣ бо шумо месанҷанд. Танҳо пас аз ин ба шуъбаи муҳосибот барои баҳисобгирии пешпардохтҳои андози даромад аз шахсони воқеӣ (АДШВ) иҷозат дода шуда, шумо онро бозпас аз муҳосибот мегиред, агар ташкилот қаблан аз маоши шумо онро гирифта бошад.

Минбаъд аз ин лаҳза агар ҳаҷми андози даромад аз шахсони воқеии муҳоҷир аз 4500 рубл (пешпардохти ӯ) камтар бошад, аз маоши ӯ маблағ гирифта намешавад. Агар ҳаҷми АДШВ аз ин нишондиҳанда зиёдтар бошад, пас ҳаҷми пардохт ба 4500 рубл (арзиши патенти шаҳри Маскав) камтар мешавад. Ҳамин тариқ, канорагирии шаҳрванди хориҷӣ аз андозбандии дукарата дар Русия сурат мегирад. Албатта, шуъбаи муҳосиботи корхона бояд худаш ин корро анҷом диҳад, аммо чунин шуда наметавонад, аз ин рӯ, бисанҷеду эътимод ҳосил намоед, ки андози зиёдатӣ пардохт накунед.

Маълумот дар бораи арзиши патентро барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки хоҳиши кор дар Русияро доранд, шумо метавонед дар маводи қаблии мо дарёфт кунед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.