Дар сӯхтори бозори «Султони Кабир» се корманд айбдор дониста шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нисбати се корманди бозори «Султони Кабир» аз рӯи далели сар задани сӯхтор ВКД Тоҷикистон мутобиқи моддаи 256-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

«Онҳо дар несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо оташ, дигар сарчашмаи хатараш зиёд, ки ба зиёни бузург ё оқибатҳои вазнин боис гардид, айбдор дониста мешаванд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон.

Ба онҳо дар шакли ҷарима ба маблағи то 50 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо таҳдид мекунад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, тақрибан ду моҳ пеш аз сӯхтори санаи 2 июн нозирони Сарраёсати оташнишонӣ аз рӯи натиҷаҳи санҷиши доиргардида дар бозори «Султони Кабир» се нафар масъулони таъмини бехатарии сӯхторро аз нуқсу камбудиҳои ҷойдошта огоҳ кардаанд.

«Санҷиши баъди сӯхтор нишон дод, ки ин кормандон ҷиҳати бартараф кардани нуқсу камбудиҳои қаблан ошкоршуда ҳеҷ  тадбире наандешидаанд», – қайд кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 2 июн дар Маркази савдои бозори «Султони Кабир» сӯхтор сар зада, он масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.