Ҳукми 8 соли зиндон барои хабар надодан дар бораи исёни Ҳоҷӣ Ҳалим

Asia-Plus

Суди ноҳияи Синои шаҳриДушанбе сокини пойтахт Эргаш Ризоевро барои хабар надодан дар бораи исён ба 8 солу 4 моҳи зиндон маҳкум намуд.

Сухан сари исёне меравад, ки аввали моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ташкил карда шуд, хабар медиҳад Прокуратураи генералии ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми дар шаҳри Иркутски дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, ҳанӯз моҳи августи дар бораи омодагӣ ба ошӯби Ҳоҷӣ Абдуҳалим огаҳӣ дошт.

«Охирҳои моҳи августи соли 2015 ӯ ба Тоҷикистон омада, имконияти воқеъӣ дошт, ки дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар расонад, – омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ. – Aммо, ӯ бинобар манфиатдории шахсӣ, ки дар ҷонибдориаш аз гурӯҳи ошӯбгари Назарзода А. ва тарафдорони ӯ ифода меёбад, дар ин бора ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст».

Гуфта мешавад, ҳамчунин, ӯ 26 марти соли 2018 ба Тоҷикистон омада, зимни суҳбат бо корманди  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дур шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва  барои ошкор насохтани амалҳои ҷинояткоронааш маблағи калони пулӣ ба микдори 5.000 доллари ИМА ба сифати пора пешниҳод намудааст.

«Рӯзи 28 марти соли 2018 Ризоев Э.Ҷ. ҳангоми  ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ додани маблағи пулӣ ба сифати пора ба микдори 5.000 доллари ИМА дар ошёнаи дуюми тарабхонаи “Яккачинор”-и шаҳри Душанбе дастгир гардида, маблағи мазкур ёфта гирифта шудааст», – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки суд ӯро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 170(барои дузанагӣ), моддаи 347 қисми 1 (барои хабар надодан оиди ҷиноятҳои ванин ва махсусан вазнин) ва 320 (барои додани пора) КҶ Тоҷикистон  гунаҳгор дониста, ба 8 солу 4 моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...