Ҳар чорум тоҷикистонӣ худро шахси миёнаҳол гуфта метавонад

Тайи ду соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 1,3 фоиз поин рафта, ба аавали соли ҷорӣ 29,7 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи синфи миёна бошад, ба 24 фоиз расид. «Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ ба 29,7 фоиз расид, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2015 аллакай 1,3 банди фоизӣ поён рафтааст. Фақри шадид бошад, тибқи арзёбии созмонҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тайи ду соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 1,3 фоиз поин рафта, ба аавали соли ҷорӣ 29,7 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи синфи миёна бошад, ба 24 фоиз расид.

«Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ ба 29,7 фоиз расид, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2015 аллакай 1,3 банди фоизӣ поён рафтааст. Фақри шадид бошад, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ 14 фоизро ташкил дода, табақаи миёнаи аҳолӣ аз рӯи арзёбии пешакӣ ба 24 фоиз баробар шуд», – изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд назди Президенти ҶТ.

Ба гуфтаи ӯ, чунин натиҷа дар асоси таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоизи солона ва афзоиши хароҷот ба бахши иҷтимоӣ ба даст оварда шуд.

«Нишондиҳандаҳои мазкур ба идома ёфтани тамоюли беҳтар гардидани ҳолати демографӣ ва вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат намуданд ва дар натиҷа нишондиҳандаи миёнаи дарозумрии аҳолӣ ба 73,5 сол баробар шуд (аз ҷумла, мардон 71,9 ва занон 75,7)», – қайд кард Сарвари давлат.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.