«Тоҷик Эйр»: ҳавопаймои хатсайри Маскав – Хуҷанд холӣ ба Душанбе омад

Ҳавопаймои Boeing 737-300-и ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки бинобар сабаби вайроншавии ҳавоногузарӣ (разгерметизасия) ба фурудгоҳи Домодедово баргашта буд, субҳи имрӯз холӣ – бе мусофир ба фурудгоҳи Душанбе нишаст. Мусофирони ҳавопаймои хатсайри Маскав – Хуҷанд имшаб бо дигар ҳавопаймо ба Хуҷанд парвоз мекунанд. «Айни замон ҳавопаймо мавриди санҷишу азназаргузаронии мутахассисони хадамоти техникӣ қарор дошта, аз […]

Asia-Plus

Ҳавопаймои Boeing 737-300-и ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки бинобар сабаби вайроншавии ҳавоногузарӣ (разгерметизасия) ба фурудгоҳи Домодедово баргашта буд, субҳи имрӯз холӣ – бе мусофир ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

Мусофирони ҳавопаймои хатсайри Маскав – Хуҷанд имшаб бо дигар ҳавопаймо ба Хуҷанд парвоз мекунанд.

«Айни замон ҳавопаймо мавриди санҷишу азназаргузаронии мутахассисони хадамоти техникӣ қарор дошта, аз рӯи натиҷаҳои азаназаргузаронии ҷузъии он, мо дар бораи истифодаи минбаъдаи ҳавопаймо шуморо огоҳ мекунем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ Азиз Хайруллоев.

Ба гуфтаи ӯ, мусофирони ин ҳавопаймо, ки бояд ба Хуҷанд раҳсипор мешуданд, то ҳол дар меҳмонхона қарор дошта, имшаб аз Маскав бо ҳавопаймои дигар парвоз мекунанд.

«Ба нуқтаи таъинот фиристодани ин мусофирон бо хатсайри 646 дар ҳавопаймои Boeing 767 – 300 дар назар аст. Вақти парвоз соати 23:05 ба вақти Маскав муқаррар шудааст. Соати 05:20-и вақти маҳаллӣ ҳавопаймо ба Хуҷанд фуруд меояд», – гуфт Азиз Хайруллоев.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби ноқисиҳои техникӣ (герметизация) ҳавопаймои Boeing 737-300-и хатсайри Маскав – Хуҷанди ширкати «Тоҷик Эйр» таъҷилан ба фурудгоҳи Домодедово баргашт. Ҳамаи мусофирони он бо меҳмонхона ва хӯроки севақта таъмин карда шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.