Ифтитоҳи ду намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар пойтахт

Дар шаҳри Душанбе ду намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ боз шуд, ки дар он маҳсули кори ҳунармандону косибон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Сокинону меҳмонони пойтахт муддати як моҳ аз ин намоишгоҳҳо боздид карда метавонанд: кори намоишгоҳҳо, ки дар Галереяи санъати муосири Тоҷикистон (ошёнаи 3-юми МС «Душанбе Мол») ва толори намоишгоҳи «Роҳи оҳани […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе ду намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ боз шуд, ки дар он маҳсули кори ҳунармандону косибон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Сокинону меҳмонони пойтахт муддати як моҳ аз ин намоишгоҳҳо боздид карда метавонанд: кори намоишгоҳҳо, ки дар Галереяи санъати муосири Тоҷикистон (ошёнаи 3-юми МС «Душанбе Мол») ва толори намоишгоҳи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор мешаванд, то 2 август идома меёбад.

Дар ин намоишгоҳ маҳсули кори ҳунармнадону косибони саросари кишвар пешниҳод шудааст: маснӯоти кулолгарӣ, кордҳои гуногуни дастӣ сохташуда, зарф, сарулибоси миллӣ ва пойафзол, сарпӯшҳо, маснӯот аз нуқраи кори дастӣ ва ғайра.

Намоишгоҳҳо ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри дастгирии ҳунармандону косибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон созмон дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.