Осеби заминларза ба нақби «Хатлон». Ҳаракати нақлиёт як моҳ қатъ мешавад

Ҳаракати нақлиёт тариқи нақби «Хатлон» (собиқ «Чормағзак»), ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ воқеъ аст, тақрибан муддати як моҳ қатъ мешавад. Бар асари заминларза дар чанде аз қитъаҳои роҳ фурӯравии хок ба амал омада, айни замон ин ҷо корҳои таъмиру барқарорсозӣ ҷараён доранд. Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаракати нақлиёт тариқи нақби «Хатлон» (собиқ «Чормағзак»), ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ воқеъ аст, тақрибан муддати як моҳ қатъ мешавад.

Бар асари заминларза дар чанде аз қитъаҳои роҳ фурӯравии хок ба амал омада, айни замон ин ҷо корҳои таъмиру барқарорсозӣ ҷараён доранд.

Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки фурӯравии хок дар чанде аз қитъаҳои роҳи нақб баъди як қатор заминҷуниҳо дар моҳи гузашта ба амал омадааст.

«Айни замон ширкати «Чайна Роуд»-и Чин, ки паймонокори ин иншоот аст, дар нақб корҳои таъмиру барқарорсозиро ба роҳ монда, анҷоми корҳо тахминан аввали моҳи оянда ба нақша гирифта шудааст», – гуфтанд дар вазорат ва илова намуданд, ки ҳозир ҳаракати нақлиёт бо ин роҳ тариқи ағбаи Чормағзак сурат мегирад.

Амалисозии лоиҳаи сохтмони нақби «Чормағзак» моҳи марти соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳа аз ҷониби ширкати чинии «Чайна Роуд» аз ҳисоби қарзи ҳукумати Чин амалӣ шуд. Арзиши умумии лоиҳа наздики 300 млн. сомонӣ (тақрибан 70 млн. доллар бо қурби ҳамонвақта)-ро ташкил дод.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақб масофаи роҳи Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб дар муқоиса бо масофаи роҳи Душанбе – Бохтар – Кӯлоб 100 километр камтар шуд. Масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Аввали соли 2014 бо қарори ҳукумат, нақби «Чормағзак» ба нақби «Хатлон» табдили ном кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.