Нерӯгоҳи «Дӯстии халқҳо»: таъмиру таҷдиди ягона нерӯгоҳ дар шимоли Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар доираи лоиҳаи хурд ба ифтихори Даҳсолаи байнулмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар бораи нерӯгоҳҳои барқи обии бузурги ҷумҳурӣ гузоришҳои тасвирӣ таҳия мешаванд.

Имрӯз гузориши тасвирии мо аз нерӯгоҳи Қайроққум – ягона нерӯгоҳи барқи обӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки 61 сол пеш мавриди истифода қарор гирифта, дар шаҳри Гулистон, дар Сирдарё воқеъ аст.

Айни замон 6 агрегшати нерӯгоҳ фаъолият дошта, барои афзудани иқтидори он тасмим гирифта шудааст, ки он таъмиру навсозӣ шуда, баъди анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозии нерӯгоҳ, ки то соли 2024 идома меёбанд, иқтидори он аз 126 МВт то ба 174 МВт расонида мешавад.

Имсол Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Фонди сабзи иқлимии СММ барои амалисозии марҳилаи ниҳоии барқарорсозии нерӯгоҳи Қайроққум ва дастгирии бахши беҳбуди таъминот бо барқ ба Тоҷикистон 88 млн. доллар маблағ ҷудо карданд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми об дар обанбори нерӯгоҳ 3,5 млрд. метри мукаабро ташкил дода, ин ҷо яке аз мавзеъҳои зебои истироҳату фароғат дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Чанд сол пеш он «Баҳри тоҷик» номгузорӣ шуда, дар ин мавзеъ осоишгоҳу дармонгоҳҳо ва лагерҳои истироҳату солимгардонии зиёд амал мекунанд.

Гузориши тасвирӣ ва маълумот дар бораи нерӯгоҳи Норакро – бо ин суроға, нерӯгоҳи Бойғозиро – бо ин суроға, корҳои таҷдиди нерӯгоҳи Сарбандро – бо ин суроға ва чӣ гуна кор кардани нерӯгоҳҳои барқи обии кӯҳнатарини Тоҷикистонро – бо ин суроға дарёфт карда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...