12 соли зиндон. Нисбати Хайрулло Саидов ҳукм содир шуд

Суди шаҳри Хуҷанд, имрӯз рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раисикунандаи ин мурофиа Ҷӯрахон Раҳмон изҳор намуд, ки агар Мирсаидов зиёни ба давлат расонидааш дар ҳаҷми 123 ҳазору 913 сомониро бармегардонд, аз ҳукми зиндон халос мешуд, лекин ба ҳар […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Суди шаҳри Хуҷанд, имрӯз рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раисикунандаи ин мурофиа Ҷӯрахон Раҳмон изҳор намуд, ки агар Мирсаидов зиёни ба давлат расонидааш дар ҳаҷми 123 ҳазору 913 сомониро бармегардонд, аз ҳукми зиндон халос мешуд, лекин ба ҳар ҳол, ба Мирсаидов лозим меояд, ки ин маблағро ба давлат пардохт намояд.

Хайрулло Мирсаидов аз рӯи ҳамаи айбномаҳои пешниҳодшуда – азхудкунӣ ё камомади воситаҳои давлатӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста маълумоти бардурӯғ додан гунаҳкор эътироф гардид.

«12 сол ҷазои хеле сангин аст ва мо ният дорем, ки аз болои ин ҳукми суд ба зинаи болоӣ шикоят барем», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» Дилафрӯз Самадова, адвокати Мирсаидов.

Ӯ ҳамчунн қайд кард, ки суд дар ҳеҷ яке аз айбномаҳои пешниҳодшуда гуноҳи Хайрулло Мирсаидовро исбот накард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.