Қурби доллар дар Тоҷикистон давоми шабонарӯз хеле афзуд

Шабонарӯзи гузашта қурби доллари нақд нисбати сомонӣ дар Тоҷикистон 2,7 фоиз афзуд. Дирӯз он бо нархи 9,18 сомонӣ фурӯхта шуда, имрӯз бонкҳо барои 1 доллар 9,43 сомонӣ пешниҳод мекунанд. Қурби расмии доллар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба санаи 11 июл муқаррар шудааст, 9,17 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медиҳад, хабар дода мешавад […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта қурби доллари нақд нисбати сомонӣ дар Тоҷикистон 2,7 фоиз афзуд. Дирӯз он бо нархи 9,18 сомонӣ фурӯхта шуда, имрӯз бонкҳо барои 1 доллар 9,43 сомонӣ пешниҳод мекунанд.

Қурби расмии доллар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба санаи 11 июл муқаррар шудааст, 9,17 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медиҳад, хабар дода мешавад дар сомонаи БМТ.

Яке аз сабабҳои ин ҳолатро БМТ боқӣ мондани бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (фарқияти байни содирот ва воридот) номбар мекунад, ки бақияи манфӣ дар 5 моҳи соли 2018 ба 825,6 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 – 200,0 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти БМТ, тӯли 6 моҳи соли равон қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 3,8 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 (коҳишёбӣ 11,8 фоиз) 8,0 фоиз камтар мебошад.

Қайд мешавад, ки андозаи коҳишёбии қурби расмӣ ба дурнамои қурби миёнасолонаи он дар соли 2018 мувофиқ буда, асосан дар моҳҳои апрел (0,9 фоиз), май (1,3 фоиз) ва июн (1,6 фоиз) ба вуҷуд омадааст.

Гуфта мешавад, қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд бо сомонӣ дар бозори ғайрирасмӣ бошад, 4,5 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 (баландшавӣ 11,7 фоиз) 7,2 фоиз пасттар аст.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки бо дарназардошти гузариш ба низоми “ҳадафгирии таваррум”, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро, амалӣ карда истодаанд.

Дар ҷаласаи аввали ҳамин моҳ дар Бонки миллӣ зикр гардида буд, ки барои пешгирӣ намудани фаъолияти бозорҳои ғайрирасмии асъор аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо БМТ гурӯҳҳои доимамалкунанда ташкил шудаанд, ки фаъолияти онҳо баҳри пешгирӣ намудани анҷомдиҳии амалиётҳои ғайриқонунии асъорӣ равона шудааст.

Амалиёт бо асъор дар Тоҷикистон аз соли 2016 танҳо дар бонкҳо анҷом дода мешаванд. Тӯли 3 моҳи охир дар бозори асъори кишвар камбуди шадиди доллар ба мушоҳида мерасад, ки тариқи он тоҷирони молу маҳсулот амалиёти савдои хориҷӣ анҷом медиҳанд.

Норасоии асъори амрикоӣ аз даҳаи дуюми моҳи апрел баъди аз ҷониби ИМА ҷорӣ кардани таҳримҳои нав нисбати ширкатҳои Русия ва поинравии қурби рубл нисбати доллар баъди ин оғоз гардид.

Айни замон аксари бонкҳои Тоҷикистон дар мавриди фурӯши доллар бо баҳонаи мавҷуд набудани он амалиёт анҷом намедиҳанд. Дар баъзе бонкҳо метавон хеле маҳдуд – ҳамагӣ аз 50 то 300 доллар ба як кас маблағ харидорӣ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.