Корманди милитсияи аз ҷониби Гулов латукӯбшуда зери назорати табибон қарор дорад

Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД, аз ҷониби Диловар Гулови 26-сола, писари собиқ вазири энергетика шоми рӯзи 8 июл мавриди лату кӯб қарор гирифт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои тиббии ҷумҳурӣ хабар дод, ӯ бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, айни замон дар ин ҷо муолиҷа […]

Аваз Юлдошев

Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД, аз ҷониби Диловар Гулови 26-сола, писари собиқ вазири энергетика шоми рӯзи 8 июл мавриди лату кӯб қарор гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои тиббии ҷумҳурӣ хабар дод, ӯ бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, айни замон дар ин ҷо муолиҷа мегирад.

«Бинии афсари милитсия шикаста, косахонаи сар ва манаҳаш ҷароҳат гирифтааст ва дар бораи рухсатӣ шудани ӯ аз бемористон алҳол сухан гуфтан барвақт аст», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи як манбаи «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муноқиша байни афсари милитсия ва Диловар Гулов шоми рӯзи 8 июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст.

«Ҳарду ҳам сари чанбараки автомашина будаанд, афсари милитсия мошинро боздошта, ба Гулов эрод мегирад, ки ӯ барои ҳаракати ронандагони дигар монеъа эҷод карда истодааст ва барои ин эродаш лату кӯб мешавад», – қайд кард манбаъ.

Аз замони содир шудани ҷиноят аллакай се рӯз сипарӣ шуд, лекин ВКД Тоҷикистон хомӯшӣ ихтиёр намуда, аз рӯи ин ҳодиса ягон маълумоти расмӣ намедиҳад, ки ба ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеа боис мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.