Роналду «Реал»-ро тарк карда, бозигари «Ювентус» шуд

Криштиану Роналдуи 33-сола дастаи Реал»-и Мадридро, ки дар он 292 бозӣ гузаронида, ба задани 311 гол муваффақ шудааст, тарк намуда, ба дастаи «Ювентус»-и Турин мегузарад. Бино ба маълумоти championat.com, "Ювентус" барои ин трансфер (гузариш) ба тими «Реал» 105 млн. евро маблағ пардохт мекунад. Маоши солонаи Роналду дар «Ювентус» 30 млн. евроро ташкил медиҳад. Санаи 2 июн […]

Asia-Plus

Криштиану Роналдуи 33-сола дастаи Реал»-и Мадридро, ки дар он 292 бозӣ гузаронида, ба задани 311 гол муваффақ шудааст, тарк намуда, ба дастаи «Ювентус»-и Турин мегузарад.

Бино ба маълумоти championat.com, "Ювентус" барои ин трансфер (гузариш) ба тими «Реал» 105 млн. евро маблағ пардохт мекунад. Маоши солонаи Роналду дар «Ювентус» 30 млн. евроро ташкил медиҳад.

Санаи 2 июн Corriere dello Sport хабар дод, ки Роналду назди «Реал» шарт гузоштааст, ки агар маошашро ба 80 млн. евро дар як сол расонанд, дастаро тарк намекунад. Ин шартро ӯ баъди ғалаба дар бозии финалии Лигаи чемпионаҳо Аврупо пешниҳод намудааст.

Роналду аз «Манчестер Юнайтед»-и Англия соли 2009 бо пардохти 93,4 млн. евро ба дастаи «Реал» гузашт. Давоми 9 сол ӯ бо ин даста ба гирифтани 16 ҷоиза шарафёб гардид, аз ҷумла чор ҷоизаи қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Аврупо, ки сетояш пайдарпай дар мавсими се соли охир ба даст оварда шуд.

Футболбози португалӣ бисёре аз рекордҳоро нав кард: тайи панҷ соли охир 4 маротиба ба «Тӯби тиллоӣ» ва 3 маротиба – ба «Бутса (пойафзоли футболбозӣ)-и тиллоӣ» соҳиб шуд. Дар таърихи тими «Реал» ӯ дар 438 бозӣ ба дарвозаи ҳарифон 451 гол ба ҳадаф расонида, нишонзан (голзан)-и беҳтарин дониста мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.