Кормандони милитсияи пойтахт занеро аз худкушӣ наҷот доданд

Сержанти баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Далерҷон Неъматуллоев бо ду нафар сарбозони Қисми низомии №5453-и Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД Саъдӣ Мирзошоев ва Насим Шерхонов як зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзобро аз худкушӣ наҷот доданд. Бино ба маълумоти дафтари мтбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 9-уми июли соли ҷорӣ тақрибан соати 01:15-дақиқа, зани […]

Asia-Plus

Сержанти баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Далерҷон Неъматуллоев бо ду нафар сарбозони Қисми низомии №5453-и Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД Саъдӣ Мирзошоев ва Насим Шерхонов як зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзобро аз худкушӣ наҷот доданд.

Бино ба маълумоти дафтари мтбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 9-уми июли соли ҷорӣ тақрибан соати 01:15-дақиқа, зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, ки соҳиби се фарзанд мебошад, бо мақсади худкушӣ аз болои пули кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар наздикии бозори Султони Кабир худро ба дарёи Душанбе партофта, мехост худро ба ҳалокат расонад.

Гуфта мешавад, корманди милитсия ва сарбозон, ки пайи адои вазифаҳои хизматӣ буданд, бо мушоҳидаи ғарқшавӣ дарҳол занро наҷот додаанд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2017 дар Тоҷикистон 497 нафар занон даст ба худкушӣ задаанд, ки дар муқоиса бо соли 2016 – 99 ҳолат камтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.