Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония ҳамдардӣ изҳор намуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хабари рух додани офатҳои табииро дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу-ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, дар Тоҷикистон бо андӯҳи зиёд қабул намуданд. «Хоҳишмандам ҳамдардии […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хабари рух додани офатҳои табииро дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу-ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, дар Тоҷикистон бо андӯҳи зиёд қабул намуданд.

«Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи моро қабул фармуда, ба наздикони қурбоншудагон тасаллиёти самимии моро бирасонед. Ба осебдидагон шифои комил орзумандем», – таъкид мешавад дар барқияи Сарвари давлати Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки бар асари обхезиву фаромадани ярч дар Япония, ки аз 5 июл оғоз гардиданд, беш аз 100 нафар ҳалок ва зиёда аз 50 нафар бедарак шуданд, хабар медиҳад BBC News. Ба ду миллион нафар сокинон дастур дода шудааст, ки ба макони бехавфу амн бикӯчанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.