ТИКА ба сокинони Турсунзода шуъбаи нави бемориҳои сироятӣ тақдим кард

Дар шаҳри Турсунзода шуъбаи бемориҳои сироятӣ (инфескионӣ)-и Беморхонаи марказии шаҳр аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Таъмир ва бо таҷҳизот таъмин намудани шуъба аз ҳисоби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ шуд. Дар ҷараёни амалисозии лоиҳа ошёнаи сеюми бемористон таъмиру таҷдид шуда, ин ҷо […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Турсунзода шуъбаи бемориҳои сироятӣ (инфескионӣ)-и Беморхонаи марказии шаҳр аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Таъмир ва бо таҷҳизот таъмин намудани шуъба аз ҳисоби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ шуд.

Дар ҷараёни амалисозии лоиҳа ошёнаи сеюми бемористон таъмиру таҷдид шуда, ин ҷо барои 33 кат шуъбаи кӯдаконаи бемориҳои сироятӣ боз шуд. Дар ин шуъба ба ҷуз палатаҳо барои беморон, палатаҳои эҳёгарии фаъол, ёрии таъҷилӣ, ҳуҷраҳои табибону ҳамшираҳои шафқат низ ба истифода додаь шуданд.

Дар корҳои таъмиру таҷдиди беморхона ҳамаи маводу масолеҳи хушсифат истифода шуда, қисмати асосии таҷҳизот аз Туркия оварда шуд.

Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода Хоҷа, сафири Туркия дар Тоҷикистон Али Рифат Кёксал ва муовини раиси ТИКА Мехмет Сюррей Эр ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.