Талаби 13 соли зиндони низомаш шадид ба Хайрулло Мирсаидов

Дар Хуҷанд мурофиаи додгоҳии журналист Хайрулло Мирсаидов ба анҷом мерасад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ Рауфхон Ализода, муфаттиши додситонии Суғд, ки тафтиши пешакии парвандаи Мирсаидовро анҷом додааст, Хайрулло Мирсаидовро ба аз худ кардан ё азонихудкунии ҳудуди 124 ҳазор маблағи барои КВН и Тоҷикистон ҷудогардида дар солҳои 2014-2017 айбдор номид. Ализода аз додгоҳ ба Мирсаидов мутобиқи […]

Радиои Озодӣ

Дар Хуҷанд мурофиаи додгоҳии журналист Хайрулло Мирсаидов ба анҷом мерасад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ Рауфхон Ализода, муфаттиши додситонии Суғд, ки тафтиши пешакии парвандаи Мирсаидовро анҷом додааст, Хайрулло Мирсаидовро ба аз худ кардан ё азонихудкунии ҳудуди 124 ҳазор маблағи барои КВН и Тоҷикистон ҷудогардида дар солҳои 2014-2017 айбдор номид. Ализода аз додгоҳ ба Мирсаидов мутобиқи моддаи “исроф ё азонихудкунӣ” – 10 сол, “сохтакории санадҳо” – 3 сол, “паҳн кардани хабари бардурӯғ” – 3 сол ва дар маҷмӯъ 13 сол ҷазои ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр талаб кард.

Ӯ ҳамчунин аз додгоҳ хост, ки 124 ҳазор сомонӣ маблағи аз буҷа барои КВН и Тоҷикистон ҷудогардидаро, ки Мирсаидов ба қавли ӯ, ғайримақсаднок истифода кардааст, ба хазинаи давлат баргардонад.

Комил Ибодуллозода, вакили дифои Олим Зоҳидзода, собиқ сардори раёсати ҷавонони Суғд, ки дар пайи шикояти ӯ додситонӣ алайҳи Мирсаидов парвандаи ҷиноӣ боз кард, аз додгоҳ талаб кард, ки ҳамчунин аз Мирсаидов 50 ҳазор сомонӣ ҷиҳати ҷуброни зарарҳои моддиву маънавии зерҳимояаш бирӯёнад.

Мирсаидов дар сухани вопасинаш гуфт, ӯ пулҳои аз буҷа барои КВН ҷудогардидаро ба манфиати худ масраф накардааст. Ӯ дар шарҳи 124 ҳазор маблағҳои ба қавли мақомти тафтишотӣ, “ғайримақсаднок масрафгардида” гуфт, ки гоҳе аз рӯи зарурат маблағро барои пӯшонидани хароҷоти аз қабл пешбининашуда барои КВН дар Русия истифода кардааст. Вале мақомоти санҷиш баръзе чекҳои ӯро қабул накарданд.

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Мирсаидов гуфт, дар ҳоле ки Тоҷикистон аз озодии сухан ҷонибдорӣ мекунад ва аз рӯи қонунҳои кишвар таъқиб барои танқид дар Тоҷикистон манъ аст, Мирсаидов маҳз баъди танқиди раҳбари собиқи раёсати ҷавонони Суғд, ки аз ӯ бо шевае 1 ҳазор доллар ришва талаб дорад, дар як муроҷиатномаи нашрнамудаи худ дар моҳи ноябри соли 2017 аз ҷониби мақомот дастгир гардид.

Мурофиаи додгоҳии парвандаи хайрулло Мирсаидов рӯзи 8 июн дар додгоҳи Хуҷанд оғоз гардид ва фардо, 11 июл дар назар аст додгоҳ ҳукми худро эълон кунад.

Парвандаи ҷиноии Мирсаидов мавриди тафтиши прокуратураи вилояти Суғд қарор гирифт. Аз 5 декабри соли гузашта ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад. Муҳлати боздошт пешакии ӯ ду маротиба дароз карда шуд.

Моҳи ноябри соли гузашта Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио