Сӯхи тоҷикӣ: кору зиндагии аҳолии хурдтарин ноҳияи Фарғона

Дар кадом қаламрави Ӯзбекистон танҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд? Дар Самарқанду Бухоро? Не ба иштибоҳ роҳ медиҳед! Мо дар бораи ноҳияи Сӯхи ин кишвар гузориши видеоӣ таҳия намудем, ки ҳамаи аҳолиаш тоҷикон мебошанд. Масоҳати қаламрави ин ноҳия 352 километри мураббаъро ташкил дода, ба вилояти Фарғона дохил мешавад. Сӯх барои Ӯзбекистон эксклав ва барои Қирғизистон анклав шуморида […]

Asia-Plus

Дар кадом қаламрави Ӯзбекистон танҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд? Дар Самарқанду Бухоро? Не ба иштибоҳ роҳ медиҳед! Мо дар бораи ноҳияи Сӯхи ин кишвар гузориши видеоӣ таҳия намудем, ки ҳамаи аҳолиаш тоҷикон мебошанд.

Масоҳати қаламрави ин ноҳия 352 километри мураббаъро ташкил дода, ба вилояти Фарғона дохил мешавад. Сӯх барои Ӯзбекистон эксклав ва барои Қирғизистон анклав шуморида мешавад. Эксклав – қаламраве, ки дар қаламрави дигар кишвар воқеъ буда, ба ин давлат тобеъ аст. Анклав – қаламраве, ки дар дохили як кишвар воқеъ буда, лекин тобеъи он нест.

Тибқи маълумоти бойгонӣ, аввали асри ХХ волости Сӯх ба қитъаи Конибодом шомил буда, дар он 12 144 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекардаанд, ки 8 853 нафарашон тоҷикон ва боқимонда қирғизҳо будаанд. Ҳозир дар ин ҷо танҳо 72 ҳазор нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Ин гузоришро ҳатман тамошо кунед, ҳадди ақал барои он ки дар ин ҷо ҳама хурду калон бо забони зебои тоҷикӣ ҳарф мезананд. Худатон бовар ҳосил намоед».

Гузориши мазкур дар доираи лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо омода шуд. Муътақидем, ки ҳар қадр бештар одамон аз забони худ дар бораи ҳамдигар маълумот гиранд, ҳамон қадр онҳо якдигарро хуб дарк кардаву эҳсос мекунанд ва то ба ҳамин андоза ба баҳсу низоъҳои бемаънӣ кашидани онҳо душвортар мешавад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо) мо дар бораи одамони аҷиби кишварҳо, расму оин ва фарҳанги онҳо, ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун маълумот хоҳем дод.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.news ва [email protected].

Ҳадафи роҳандозии лоиҳаи мо ба ҳамдигар боз ҳам наздику қаринтар кардани сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи наворҳои кӯтоҳи видеоӣ аст, ки ҳар яке метавонад аз онҳо барои худ чизи муфиде пайдо кунад.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио