СММ ба КҲФ таҷҳизоти нави нави ҷустуҷӯиву наҷот тақдим кард

Asia-Plus

Воҳидҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти нави нави ҷустуҷӯиву наҷот шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, таҳвили техника дар доираи татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳуми имзошуда дар моҳи майи соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад,  байни таҷҳизоте, ки ба Кумита таҳвил гардид, асбобҳои равшанидиҳанда, барномаи таъминотии «ArcGIS» барои нақшабардории қитъаҳои хатарнок, дастгоҳҳои худпарвози бесарнишин барои ба даст овардани иттилоъи саривақтӣ ва диқиқ дар бораи ҳолати системаи табиӣ-саноатӣ, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва қабули қарори саривақтӣ ва пешгирии ҳолатҳои гуногуни фавқулодда мавҷуданд.

«Дар маросими таҳвили техника Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Директори кишварии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон Паоло Маттеи ва дигар роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ҳузур доштанд», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Қайд мешавад, ки сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зимни суханронии худ ба ҷаноби Маттеи барои таҳвили техника изҳори ташаккур намуд ва қайд кард, ки ин техника бешак барои наҷоти ҳаёти одамони зиёд мусоидат мекунад ва заҳмати наҷотдиҳандагонро осон мегардонад.

Зимнан зикр мегардад, ки баъди суханронии ҷонибҳо маросими имзои санади таҳвили техника баргузор шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...