Манзил дар Душанбе боз ба гароншавӣ оғоз кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нархҳо ба манзил дар Душанбе баъли поинравии чанд соли охир боз ба болоравӣ оғоз карданд. Дар хонаҳои баландошёнаи пойтахт имрӯз 1 метри мураббаъи манзил 626 доллар нарх дорад.

«Бино ба маълумоти мониторинги КВД «Маркази ташаккули нарх дар соҳаи сохтмон», нархи миёнаи 1 метри мураббаъи манзил дар хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе 626 долларро ташкил медиҳад», – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 19 июл раиси Кумитаи меъмориву сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.

Зимнан зикр гардид, ки нархи 1 метри мураббаъи манзил дар хонаҳои баландошёнаи пойтахт, ки ширкати «Манзили дастрас» месозад, аз 350 то 600 долларро ташкил медиҳад.

Ӯ хотиррасон намуд, ки аввали сол арзиши миёнаи 1 метри мураббаъи манзил дар хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе аз 350 то 600 доллар нарх доштанд.

Сабаби болоравии нархи манзил дар пойтахтро раиси Кумита ба афзоиши нархи масолеҳи сохтмон, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, нисбат дод.

«Масалан, – қайд кард ӯ. – нархи арматура, ки мо аз Русия ворид мекунем, тайи соли ахир ба андозаи 2 ҳазору 150 сомонӣ барои 1 тонна қимат шуд. Ҳамаи ин ба арзиши ниҳоии манзил таъсир мерасонад».

Қобили зикр аст, ки то пойинравии нархҳо 1 метри мураббаъи манзил дар хонаҳои баландошёнаи Душанбе аз 800 то 1300 долларро ташкил медод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...