17 задухӯрди мусаллаҳона тӯли ним сол дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Asia-Plus

Тӯли шаш моҳи соли равон дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон 17 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2018 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ 39 амалиётҳои махсус, ки аз он 13 амалиёт бо КДАМ ҶТ ва 14 амалиёт бо дигар сохторҳо ва мақомотҳои қудратӣ гузаронида шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин давра аз қочоқчиён ба миқдори 1 129 кг 331 гр маводи нашаъдор, аз ҷумла:  70 кг 224 гр  героин,  339 кг 416 гр афюн, 535 кг 914 гр ҳашиш, 183 кг 777 гр бангдона (канабис),  125 кг 850 гр маводҳои мадҳушкунанда дарёфт ва мусодира гардида, 208 228 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

«Дар натиҷаи ин амалиётҳо 14 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 443 дона тирҳои қутраш гуногун, 3 адад маводи тарканда, 25 адад лавозимотҳои ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин муддат бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 17 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шудаааст, ки дар натиҷа 7 нафар қочоқчиён нобуд ва 21 нафари дигар дастгир шуда, инчунин 19 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...