Маблағи ҷамъшудаи садақаи фитр 40 млн. сомониро ташкил дод

Asia-Plus

Раисони шӯроҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии беш аз 40 млн. сомонӣ (4,3 млн. доллар) садақаи фитр ҷамъоварӣ намуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ.

“Зиёда за 40 млн. сомонӣ маблағи умумии ҳамаи хайрия мебошад, ки ба он ҳам пули нақд ва ҳам дигар навъҳои хайрия дохил мешаванд. Масалан, касе ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дар маҳалла корҳои ободкунӣ гузаронд, дигарӣ ба оилаи эҳтиёҷманд бо маҳсулоти хӯрокворӣ ёрӣ расонд”, – гуфт ҳамсуҳбат.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пулҳои нақд, ки аз ҷониби шӯроҳои маҳаллӣ ҷамъоварӣ шуд, байни оилаҳои камбизоат тақсим шуда, ҳамчунин барои таъмири роҳҳо ва хатҳои таъмини оби нӯшокӣ истифода шуданд.

“Тақсими воситаҳоро комиссияи махсус аз ҳисоби имомхатибон ва фаъолони деҳот зери назорат доштанд”, – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон соли равон ҳаҷми садақаи фитрро барои як кас 5 сомонӣ дар тамоми моҳи Рамазон муқаррар намуд. Пеш аз Иди Рамазон Кумита изҳор дошт, ки сокинони Тоҷикистон бо хоҳиши худ садақаи фитрро метавонанд ба раисони шӯроии маҳаллаҳои худ ё имомхатибон супоранд.

Дар Кумита зикр карда буданд, ки пешниҳоди ба раисони маҳалла ё имомхатибон супурдани садақаи фитр аз ҷониби ҳукумат расидааст, ки баъди муроҷиати сокинони ҷумҳурӣ, ки намедонистаанд садақаи фитрро ба кӣ диҳанд, рӯйи кор омадааст.

Ба назар гирифта шудааст, ки раисони маҳалла ва имомхатибон сокинони маҳалли худро хуб шинохтаву аз вазъи зиндагиашон огаҳанд ва рӯйхати шахсони камбизоату эҳтиёҷмандро дар даст дошта, ба онҳо кумак мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...