Муҳиддин Кабирӣ аз рӯи 16 моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста мешавад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Парванда нисбати раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ғоибона аз ҷониби судяҳои Суди олӣ дар реҷаи пӯшида мавриди баррасӣ қарор дорад, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 23 июл раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён.

«Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Муҳиддин Кабирӣ ба баррасии Суди олӣ пешниҳод шуд. Айни замон судя расман парвандаро баррасӣ мекунад. Ҳозир мурофиа ҷараён дорад. Парванда дар реҷаи пӯшида баррасӣ мешавад. Вақте қарори суд оид ба ин парванда қабул шавад, мо шуморо огоҳ мекунем», – гуфт ӯ ба журналистон.

Ба қавли ӯ, Кабирӣ аз ҷумла ба содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 107 (Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан), 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 199 (Тасарруфи  яроқ, лавозимоти  ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 313 (Исёни мусаллаҳона),  307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии  ҶТ) ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати Муҳиддин Кабирӣ дар маҷмӯъ ғоибона ба содир намудани ҷиноятҳо аз рӯи 16 моддаи Кодекси ҷиноӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ моҳи марти соли 2015 Тоҷикистонро тарк кард Моҳи сентябри соли 2015 ҲНИТ созмони террористӣ ва ифротгаро эътироф шуд. То сентябри соли 2016 ҲНИТ ягона ҳизби расман амалкунандаи динӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт.

Раҳбарияти ҳизбро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор донистанд. Моҳи июни соли 2016 14 узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба муҳлатҳои гуногуни зиндон, аз ҷумла ду нафари онҳо ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Соли 2017 парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятиро маъқул шуморид, ки мувофиқи он нисбати ҷинояткорони махсусан хатарнок, ки дар берун аз қаламрави кишвар қарор доранд, истифодаи содир шудани ҳукми ғоибона имконпазир гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...