Гумонбарии роҳбари «Умед-88» ба содир намудани 7 ҷиноят

Роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ба содир намудани 7 ҷиноят гумонбар дониста мешавад, изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки «бо сабаби махфӣ будани баъзе ҳолатҳои ҷиноятҳои Одинаев, баррасии парванда пӯшида сурат мегирад». «Баъзе амалҳое, ки аз ҷониби Одинаев содир шудааст, хусусияти махфӣ доранд, аз ин […]

Роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ба содир намудани 7 ҷиноят гумонбар дониста мешавад, изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки «бо сабаби махфӣ будани баъзе ҳолатҳои ҷиноятҳои Одинаев, баррасии парванда пӯшида сурат мегирад».

«Баъзе амалҳое, ки аз ҷониби Одинаев содир шудааст, хусусияти махфӣ доранд, аз ин рӯ парванда дар реҷаи пӯшида баррасӣ шуда, вақте қарори ниҳоии суд қабул мешавад, мо дар ин бора хабар хоҳем дод», – иброз дошт Шоҳиён.

Қаблан дар Суди олӣ иттилоъ дода буданд, ки нисбати Одинаев бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 289 (қочоқ), 292 (саркашӣ аз пардохти андозҳо) ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Раҷабалӣ Одинаев санаи 14 октябри соли 2017 баъди суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шуд.

Зимни суханронӣ рӯзи 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки ширкати «Умед-88» воситаҳои зиёди буҷетро харҷ карда, муддати 4 сол аст, ки ба давлат барнамегардонад. Амали кормандони Вазорати молияро, ки ин маблағҳоро додаанд, Сарвари давлат «бемасъулиятӣ» хонда, дастур дод, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.

То соли гузашта «Умед-88» дар қатори ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Тоҷик Петролиум» ва «Аурум Спика» дар рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие қарор дошт, ки дар бозори сӯзишвории кишвар мавқеи афзалиятнок доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.