Қатъи фаъолияти 107 корхонаи саноатӣ тӯли ним сол

Asia-Plus

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ, ки рӯзи 30 июл доир гардид, аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни маҷлис Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки захираву имкониятҳои кишвар барои ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар то ҳанӯз самаранок истифода нашудаанд.

Дар баробари таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ сифатнокии қисми даромади ҷории он аз ҳисоби 3 намуди андоз ва дигар пардохтҳо ба маблағи 275 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар 13 шаҳру ноҳияи кишвар таъмин нашудааст.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2018 тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ба қисми даромади буҷет ва зиёдшавии қарзи онҳо Вазорати молия вазифадор гардид, ки дар самти татбиқи босамари Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои  2016-2020 чораҷӯӣ карда, инчунин барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 натиҷаҳои Стратегияи анҷомёфтаистодаи идоракунии молияи давлатиро барои солҳои 2009-2018 арзёбӣ намояд.

Барои нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва тақвияти назорати бонкӣ, Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетро таъмин намоянд.

Сарвари давлат қайд кард, ки бо дарназардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо ҷалби сармояи хориҷӣ суръати рушди соҳаи саноат дар сатҳи 16,9 фоиз таъмин гардидааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз кам аст. Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ истеҳсоли 22 намуд маҳсулоти саноатии коркард коҳиш ёфта, фаъолияти 107 корхонаи соҳа қатъ гардидааст.

Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ чораҳои амалӣ андешида, роҳҳои барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро ҷустуҷӯ намояд.

Дар маҷлис дигар масъалаҳои марбут ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ низ баррасӣ шуда, ба сохторҳои масъул дастур супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...