Президент раиси суди ноҳияи Айниро барои кирдори номуносиб аз мансаб барканор кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 июл дар бораи аз вазифаи раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд озод кардани Икром Ҷумазода барои “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, фармон ба имзо расонид. “Икром Ҷумазода моҳи августи соли 2014 ба вазифаи раиси суди ноҳияи Айнӣ таъин шуда, нимаи моҳи июли соли равон аз […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 июл дар бораи аз вазифаи раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд озод кардани Икром Ҷумазода барои “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, фармон ба имзо расонид.

“Икром Ҷумазода моҳи августи соли 2014 ба вазифаи раиси суди ноҳияи Айнӣ таъин шуда, нимаи моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 16 ҳазор доллар дастгир шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти судии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бо фармони дигари Президент Рафиқҷон Олимзода, ки то ин дам ба ҳайси раиси суди ноҳияи Мастчоҳ кор мекард, судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардид.

Файзалӣ Идизода аз вазифаи Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон озод ва бо қарори ҳукумат Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин карда шуд.

Муродалӣ Маҳмадализода, ки то ин замон вазифаи ректорро дар ин донишкада ба дӯш дошт, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа сабукдӯш шуд.

Масъалаи тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ҳукумат зимни маҷлиси навбатии ҳукумат рӯзи 30 июл баррасӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.