Боми ҷаҳон: ҳунармандони ӯзбек бори нахуст ба фестивали Хоруғ омаданд

Чанд рӯз пеш дар маркази маъмурии ВМКБ фестивали анъанавии мусиқии “Боми ҷаҳон” баргузор шуд, ки дар он наздики 180 нафар намояндагони ИМА, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд. Беҳзод Тӯраев, ҳунарманди Оркестри давлатии камеравии Ӯзбекистон мегӯяд, Помир воқеъан ҳам афсункор буда, мардумаш бошанд, хеле меҳмоннавозу меҳрубонанд. “Ин фестивал дарвоқеъ ҳам тоҷикону ӯзбеконро […]

Asia-Plus

Чанд рӯз пеш дар маркази маъмурии ВМКБ фестивали анъанавии мусиқии “Боми ҷаҳон” баргузор шуд, ки дар он наздики 180 нафар намояндагони ИМА, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.

Беҳзод Тӯраев, ҳунарманди Оркестри давлатии камеравии Ӯзбекистон мегӯяд, Помир воқеъан ҳам афсункор буда, мардумаш бошанд, хеле меҳмоннавозу меҳрубонанд.

“Ин фестивал дарвоқеъ ҳам тоҷикону ӯзбеконро боз ҳам наздиктар мекунад. Маълум шуд, ки умумияти мо хеле зиёд аст: асбобҳои мусиқии мо, созу наво ва ғизои мо якхела аст. Барои болида гардонидани табъи ҳамдигар мо ин ҷо мусиқии тоҷикиро пешкаш намуда, тоҷикон бошанд, ӯзбекиро. Идомаро хоҳонем – бигзор ҳамасола дар ин фестивал мусиқии ӯзбекӣ ҳам танинандоз гардад”, – таъкид дошт номбурда.

Фестивалии этникии “Боми ҷаҳон” аз соли 2008 дар Хоруғ гузаронида шуда, сарпарасти асосии он Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва шарики ҷашнвора ширкати Tcell мебошад. Ҳадаф аз баргузории фестивал – табодул ва эмин нигоҳ доштани расму оин ва анъанаҳои фарҳангӣ аст.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.