Набераи Муҳиддин Кабирӣ шиносномаи хориҷӣ гирифта, барои муолиҷа ба хориҷа меравад

Ҳамза Тиллозода, набераи 4-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, шиносномаи хориҷиашро дастрас кардааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай акнун метавонад, ҳамроҳ бо модараш Мижгона Зайниддинова, ки ӯ низ 1-уми август шиносномаи хориҷиашро дастрас намуд, барои муолиҷа ба хориҷ аз кишвар сафар кунад. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳамза Тиллозода, набераи 4-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, шиносномаи хориҷиашро дастрас кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай акнун метавонад, ҳамроҳ бо модараш Мижгона Зайниддинова, ки ӯ низ 1-уми август шиносномаи хориҷиашро дастрас намуд, барои муолиҷа ба хориҷ аз кишвар сафар кунад.

Исломиддин Зайниддинов, бобои Ҳамза (Иброҳим – исми паспортии кӯдак) Тиллозода дар Душанбе шиносномаҳои модару кӯдакро нишон дод.

Ба гуфтаи хешовандонаш, мақомоти Тоҷикистон охири соли 2015 санадҳои Мижгона Зайниддинова, модари Ҳамза Тиллозода ва дигар хешовандони Муҳиддин Кабириро гирифтаанд, то нагузоранд, ки онҳо ба хориҷ бираванд. Мижгона дар як суҳбат гуфт, ки "шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди ӯву фарзандаш, "гум шудааст" ва барои ҳамин онҳо наметавонанд ба хориҷ бираванд.

Иброҳим Тиллозода ба саратони узви таносул гирифтор аст ва хешовандонаш мегӯянд, ки бояд барои муолиҷа ба хориҷа бираванд. Ба гуфтаи онҳо, имкони муолиҷаи ӯ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аввали имсол табибони Тоҷикистон Ҳамзаро, ки чанд сол боз ба саратон мубтало аст, ҷарроҳӣ кардаанд, вале бенатиҷа.

Хонавода ва мутахассисон мегӯянд, ки муолиҷа дар хориҷ ягона роҳи наҷоти тифли 4-сола аст. Аммо Саида Умарзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Иброҳим Тиллозода гирифтори саратони дараҷаи чорум аст ва муолиҷаи ӯ дар ҳар ҷойи дигар ҳам имкон надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.