Ба сафири Тоҷикистон дар Эрон нотаи эътироз супурданд

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эгамзода санаи 1 август ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар даъват шуд. Ба ӯ дар робита ба изҳороти намояндагони ҷудогонаи ҳукумати Тоҷикистон доир ба қаблан дар ин кишвар таълими террористӣ гирифтани чанде аз ҳамлагарон ба сайёҳон дар Данғара рӯзи 29 июл нотаи эътироз супурда шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эгамзода санаи 1 август ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар даъват шуд. Ба ӯ дар робита ба изҳороти намояндагони ҷудогонаи ҳукумати Тоҷикистон доир ба қаблан дар ин кишвар таълими террористӣ гирифтани чанде аз ҳамлагарон ба сайёҳон дар Данғара рӯзи 29 июл нотаи эътироз супурда шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ба сафири Тоҷикистон гуфтаанд, изҳороти ҳукуматдорони Тоҷикистон дар бораи пайи эронӣ доштани амали террористӣ дар Данғара беасос ва бардурӯғ аст.

Ба гуфтаи намояндаи расмии ВКХ Эрон Баҳром Қосимӣ, идораи сиёсати хориҷии Эрон ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар Тоҷикистонро амали ғайриинсонӣ шуморида, барои таъмини сулҳу субот дар минтақа бо истифода аз таҷрибаи худ дар мубориза бо чунин зуҳурот ба ҳамкорӣ омода аст.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода изҳор намудааст, ки нотаи эътироз ба ҳукумати расмии Тоҷикистон супурда мешавад.

То замони нашри ин хабар ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар тамос шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар ташкили ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара ВКД Тоҷикистон Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломиро гунаҳкор донист. Дар ҳамин ҳол, зикр шуда буд, ки роҳбари гурӯҳи ҳамлагрон дар Эрон таълими идеологӣ ва ҳарбӣ-тахрибкорӣ гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.