Муҳлатҳои зиёди зиндон ба ҷинояткорони таҳиягари амалҳои террористӣ дар Душанбе

Суди шаҳри Душанбе 14 нафар аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломиро ба муҳлатҳои аз 7 то 26 соли зиндон маҳкум кард. Дар гузориши телевизионии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита зикр шуд, ки гумонбаршудагон моҳи феврали соли 2018 зимни амалиёти махсус боздошт шуданд. Қайд шуд, ки онҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ буда, дар Афғонистон таълими идеологӣ […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе 14 нафар аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломиро ба муҳлатҳои аз 7 то 26 соли зиндон маҳкум кард.

Дар гузориши телевизионии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита зикр шуд, ки гумонбаршудагон моҳи феврали соли 2018 зимни амалиёти махсус боздошт шуданд.

Қайд шуд, ки онҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ буда, дар Афғонистон таълими идеологӣ ва тахрибкорӣ гирифтаанд.

«Барои ҷалби Гулов ва Аъзамов барномаи «Zello»-ро истифода бурда, ба Гулов дар омӯзиш узви созмони террористии «Давлати исломӣ» Сайвалӣ Шафиев бо лақаби Абӯбакри Муваҳҳид кумак ва узви фаъоли ҲНИ бо лақаби «Ҳабоб» ӯро ба Тоҷикистон фиристодааст», – хабар дода шуд дар гузориши телевизионӣ.

Зикр гардид, ки онҳо ният доштаанд, ки дар иншооти аз нигоҳи стратегӣ муҳим, ҳамчунин биноҳои намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ дар Душанбе, назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҷашни Наврӯз таркишҳо ба амал оранд ва бо ҳамин мақсад гурӯҳ ташкил кардаанд.

Дар гузориш қайд шуд, ки «роҳбарони гурӯҳи ҷиноятпеша – Фахриддин Гулови 25-сола бо лақаби «Анас» ва Маҳмудҷон Аъзамов бо лақаби «Алӣ» ба 26 соли зиндон ва дигар аъзои гурӯҳ – Аслиддин Гулов, Умед Қараев, Суннатулло Маҳмудов, Далер Камолов, Гулмурод Шарипов, Шермаҳмад Шералиев, Собир Шарипов, Дӯстмурод Азимов, Хайриддин Гулов ва Шавкат Ҳамзаев ҳар кадоме ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.