Сафорати Русия шаҳрвандонашро ба эҳтиёткорӣ дар Тоҷикистон даъват кард

Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш дархост намуд, ки ҳангоми сафару ҳузур дар ин кишвар аз эҳтиёткорӣ кор гиранд. Дар ин бора маълумоти расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор дар Данғара нашр шуд. Намояндагии дипломатии Русия амали террористиро хотиррасон менамояд, ки бар асари он сайёҳони хориҷӣ ҳалок шуданд ва аз шаҳрвандони […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш дархост намуд, ки ҳангоми сафару ҳузур дар ин кишвар аз эҳтиёткорӣ кор гиранд.

Дар ин бора маълумоти расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор дар Данғара нашр шуд.

Намояндагии дипломатии Русия амали террористиро хотиррасон менамояд, ки бар асари он сайёҳони хориҷӣ ҳалок шуданд ва аз шаҳрвандони кишвараш даъват мекунад, ки аз сафару ҳузур доштан дар нуқтаҳои камаҳолӣ худдорӣ варзанд.

“Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони русиягӣ, ки нияти сафар ба ҷумҳуриро доранд, дархост мекунад, ки тамоми тадбирҳои эҳтиёткориро риоя намоянд ва аз сафару ҳузур дар макони камодам ва мавзеъҳои дурдаст худдорӣ кунанд”, – омадааст дар изҳороти сафорат.

Ёдрас мекунем, ки бар асари бо автомашина пахш кардани сайёҳони хориҷӣ ва сипас ҳамлаи мусаллаҳона ба онҳо, 4 нафари онҳо ҳалок ва ду нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ду нафар аз фавтидагон шаҳрвандони ИМА буданд. Сафорат ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 31 июл изҳор намуд, ки барои хатари ҳузури шаҳрвандонаш дар қаламрави Тоҷикистон далел надорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.