Хайрулло Мирсаидов аз толори додгоҳ озод карда шуд

Бо қарори ҳайати мушовара (коллегия)-и суди вилояти Суғд рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд. Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» адвокати […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Бо қарори ҳайати мушовара (коллегия)-и суди вилояти Суғд рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.

Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» адвокати рӯзноманигор Бахтиёр Насруллоев хабар дод.

Бино ба гуфтаи адвокат, аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё камомади маблағ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардид.

Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи Мирсаидов ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Сипас адвокатҳо доир ба бозбинии ҳукми суди шаҳри Хуҷанд шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ) пешниҳод намуданд. Ҷаласаи бозбинии парванда бояд 15 август доир мегардид, лекин онро ба имрӯз, 22 август мавқуф гузоштанд. Ҷаласаи имрӯза пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд. Ба ҷуз адвокатҳои Мирсаидов, дигар касеро ба толор роҳ надоданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.