Идомаи густариши шабакаҳои хизматрасонии Tcell дар шимоли Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell тавсеаи марказҳои хидматрасонӣ ва шабакаҳои марбут ба онро дар шимоли кишвар идома медиҳад. Дар ҳоли ҳозир Tcell хадамоти иртиботи боэътимодро дар қаламрави вилояти Суғд роҳандозӣ карда, теъдоди муштариёни ширкат дар ин ҷо рӯ ба афзоиш дорад. 

Аз аввали сол шабакаи фурӯши чаканаи Tcell дар шимоли Тоҷикистон боз 25 маркази наву муосир, ки дорои таҷҳизоти замонавӣ ва сатҳи хизматрасонии олӣ мебошанд, ба фаъолият оғоз карданд. Дар ин марокиз ҳама шароитҳо муҳайё гардида, сокинони навоҳии сераҳолӣ ва дурдаст аз хизматрасонии босифат баҳравар мегарданд.    

Нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ҷойҳои барои муштариён қулай: назди бозору фурӯшгоҳҳо, истгоҳҳои бузурги мусофиркашонӣ, маркази ҷамоату шаҳракҳо бунёд шудаанд. 

Дар марказҳои ҷадиди хизматрасонии ширкати Tcell кормандони ҳирфаии баландихтисос, ки давраи бозомӯзиро гузаштаанд, фаъолият менамоянд. Муштариён метавонанд дар марказҳои мазкур ба ҳама пурсиши худ посух бигиранд, мушкилоти техникии иртиботашонро рафъ созанд, симкорти Тсеll-ро фаъол намоянд ва ё ба тавозунашон маблағ гузаронанд, барномаи “Чӣ гап”-ро барои суҳбат бо наздиконашон пайваст намоянд.

Марказҳои нави хизматрасонии ширкати Tcell-ро дар вилояти Суғд бо суроғаву нишониҳои зерин пайдо кардан мумкин аст:  

  1. Шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34-ум, МТ "Абукарим"
  2. Шаҳри Хуҷанд, к.Камоли Хуҷандӣ, 162
  3. Шаҳри Хуҷанд, дар қабати истгоҳи мусофиркашонӣ (автовокзал)
  4. Шаҳри Гулистон, к.Истиқлол, МТ "Ирам"
  5. Ноҳияи Ашт, ҷамоати Ошоба, шаҳраки Марҳамат
  6. Ноҳияи Ашт, шаҳраки Шайдон, к.Исмоили Сомонӣ, дар қабати автовокзал 
  7. Ноҳияи Ашт, ҷамоати Ашт, шаҳраки Дӯстӣ
  8. Ноҳияи Ашт, ҷамоати Ориён
  9. Ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати Сомониён, бозори “Ашроф” 
  10. Ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати Ғӯлакандоз, к. Д.Самадов 
  11. Шаҳри Истаравшан, шаҳраки Гули Сурх
  12. Шаҳри Исфара, бозори марказӣ
  13. Шаҳри Конибодом, кӯчаи Б.Мансуров, бозори марказӣ 
  14. Ноҳияи Масчо, шаҳраки Бӯстон, к.Исмоили Сомонӣ, 18/1
  15. Ноҳияи Масчо, ҷамоати Масчо
  16. Ноҳияи Шаҳристон, шаҳраки Шаҳристон, бозори марказӣ
  17. Ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), ҷамоати Муҷум, д.Муҷум 
  18. Ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), ҷамоати Ваҳдат, деҳаи Қалъаи Дӯст
  19. Ноҳияи Спитамен, ҷамоати Истиқлол (Оқтеппа), деҳаи Саидқалъа (Саидқӯрғон)
  20. Ноҳияи Спитамен, ҷамоати Курӯш, кӯчаи Уришев, 48 
  21. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ёва (дар паҳлӯи бемористон)   
  22. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, к. Ленин, бозори “Атуш” (гузаргоҳи зеризаминӣ) 
  23. Шаҳри Гулистон (Қайроққум), кӯчаи Истиқлол, паҳлӯи МТ «Ирам»
  24. Ноҳияи Айнӣ, к.Айнӣ (дар паҳлӯи Айнӣ)
  25. Ноҳияи Айнӣ, ҷамоати Урметан

Ба наздикӣ марказҳои нави хизматрасонии ширкати Tcell дар манотиқи дурдаст ва кӯҳистони Панҷакент, Ашт, Масчои Кӯҳӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом дари худро ба рӯи муштариён боз хоҳанд кард.

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...