Вазорати мудофиа: Тоҷикистон ба қаламрави Афғонистон зарбаи ҳавоӣ назадааст

Маълумот дар бораи гӯё аз ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтани ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави Афғонистон асоси воқеӣ надорад, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. “Мо ба ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави бегона ҳуқуқ надорем. Агар ҳатто чунин зарурат пеш ояд ҳам, нахуст ситоди СААД даъват шуда, дар он масъалаи истифодаи нерӯ баррасӣ […]

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Маълумот дар бораи гӯё аз ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтани ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави Афғонистон асоси воқеӣ надорад, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

“Мо ба ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави бегона ҳуқуқ надорем. Агар ҳатто чунин зарурат пеш ояд ҳам, нахуст ситоди СААД даъват шуда, дар он масъалаи истифодаи нерӯ баррасӣ мешавад. Танҳо баъди машваратҳои тӯлонии мақомоти мудофиа метавонад чунин тасмим гирифта шавад”, – гуфт манбаъ.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба агентии афғонии Khaama Press иттилоъ дод, ки шаби якшанбе ба душанбе аз ҷониби ҳавопаймоҳои Нерӯҳои низомии  ҳавоии Тоҷикистон ба ноҳияи Дарқади вилояти Тахор дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои агентӣ, ҳамлаи ҳавоӣ гӯё баъди задухӯрд рӯзи якшанбе байни нашъаҷаллобони эҳтимолии маҳаллӣ ва сарҳадбонони тоҷик анҷом дода шудааст. Тавре агентӣ қайд мекунад, бар асари задухӯрд ду сарҳадбон кушта шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти як манбаъ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон, рӯзи 26 август дар қитъаи байни дидбонгоҳҳои сарҳадии 3 ва 4-и Ҳамадонӣ автомашинаи тамғаи “Нива” аз он сӯи сарҳад мавриди тирпарронӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа сокинони ноҳияи Фархор – Амирхон Саидови 53-сола ва Давлат Сангакови 5-сола ҳалок ва Сафархон Раҳмонов захмӣ шуданд. Ҳамаи онҳо ба сифати ҷангалбон кор мекарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.