Медали биринҷии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон

Asia-Plus

Тими мунтахаби футболи ҷавонони кишвар медали биринҷии Ҷоми Президенти Қазоқистонро сазовор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии футбол барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ ҷавонони кишвар бар дастаи мунтахаби Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров заданд.

Қаблан шогирдони Зайниддин Раҳимов бар дастаи мунатахаби Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, аз дастаи Академияи Краснодар (U-17) бо ҳисоби 0:4 шикаст хурда буд.

Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон 24-28 август дар Талгар бо иштироки шаш даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Қазоқистон (U-17), Қирғизистон (U-17), Озарбойҷон (U-17), ба гурӯҳи “В” дастаҳои Академияи Краснодар (U-17), Қазоқистон (U-16) ва Тоҷикистон (U-16) дохил буданд.

Дар бозӣ барои ҷои панҷум дастаи Қазоқистон (U-16) бар тими Қирғизистон (U-17) ғалаба кард – 4:0. Бозии ниҳоӣ шоми имрӯз миёни дастаҳои Академияи Краснодар (U-17) ва тими Озарбойҷон (U-17) баргузор мешавад.

Хазинаи ҷоизавии мусобиқа 15000 долларро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо 7000 доллар, дастаи ҷои дуюм бо 5000 доллар ва дастаи ҷои сеюм бо 3000 доллар мукофотонида мешаванд.

Иштирок дар мусобиқаи мазкур барои тими ҷавонони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи финалии чемпионати Осиё-2018 ба ҳисоб меравад, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор хоҳад шуд. Футболбозони ҷавони мо дар гурӯҳи “А” бо ҳамсолонашон аз Малайзия (20 сентябр), Ҷопон (23 сентябр) ва Тайланд (26 сентябр) вомехӯранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...