Чин дар Афғонистон пойгоҳи ҳарбӣ-тамринӣ месозад

Дар доираи густариши ҳамкориҳо бо Кобул дар самти муборза бо терроризм Чин ба сохтмони аввалин пойгоҳи ҳарбӣ-тамринӣ оғоз кард. Пойгоҳ дар вилояти Бадахшон, дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон сохта мешавад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба газетаи South China Morning Post. «Сохтмони пойгоҳ оғоз шуд. Барои таълиму омодагии ҳамтоҳои афғони худ Чин ба он ҷо […]

Дар доираи густариши ҳамкориҳо бо Кобул дар самти муборза бо терроризм Чин ба сохтмони аввалин пойгоҳи ҳарбӣ-тамринӣ оғоз кард. Пойгоҳ дар вилояти Бадахшон, дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон сохта мешавад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба газетаи South China Morning Post.

«Сохтмони пойгоҳ оғоз шуд. Барои таълиму омодагии ҳамтоҳои афғони худ Чин ба он ҷо ҳадди ақал як баталонро бо аслиҳаву муҳимот ва таҷҳизот мефиристад», – изҳор доштааст ба нашрия яке аз манбаъҳо.

Пойгоҳ дар долони Вахон ҷойгир хоҳад шуд, ки бо се давлат – дар шимол бо Тоҷикистон, дар ҷануб бо Покистон ва дар шарқ бо Ноҳияи Мухтори Синтзян-Уйғури Чин ҳамсарҳад аст.

Тавре нашрия қайд мекунад, ин аввалин ҳолати ҳузури ҳарбии Чин дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон аст.

Вазорати мудофиаи Чин то ҳол расман нақшаи таъсиси пойгоҳи ин кишварро дар Афғонистон тасдиқ накардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.