Баъди ҷашни истиқлолият Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ меравад

Пас аз анҷоми чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат […]

Пас аз анҷоми чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат аз ноҳияи Мурғоб боздид намуда, ба кори нерӯгоҳи хурди барқи обии «Оқсу» ҳусни оғоз мебахшад.

Корҳои лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи «Оқсу» аз ҷониби  Бонки рушди Олмон (KfW) маблағгузорӣ шуд. Тибқи лоиҳаи аввал, иқтидори нерӯгоҳи оянда бояд 800 кВт/соатро ташкил медод ва ҷудо гардидани 4 млн. евро пешбинӣ шуда буд.

Аммо баъди омӯзиши такрории лоиҳа аз ҷониби мутахассисони олмонӣ тасмим гирифта шуд, ки иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ то 1,5 ҳазор кВт/соат расонида шавад. Мутаносибан бонки Олмон 7 млн. евро маблағи иловагӣ ҷудо намуд.

Дар ВМКБ Сарвари давлат ҳамчунин бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа шинос шуда, дар чанде аз ноҳияҳои вилоят бо фаъолон вохӯрӣ мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.