Дастгирии Тоҷикистон баҳри такмили маълумоти оморӣ дар бахши кишоварзӣ

Иттилоияи расмӣ

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) ва Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҷорӣ намудани системаи ягонаи оморӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар, ки барои банақшагирии соҳаи кишоварзӣ ва таҳияи сиёсат хеле муҳим аст, кӯмак мерасонад.

Бо дарназардошти шумораи зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва гуногуниифаъолиятҳои кишоварзии онҳо Агентии давлатии омор дар ҳамбастагӣ  бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) системаи стратификатсия ва методологияи таҳқиқоти интихобиро баррасӣ карда, барои нигоҳдории он системаи ягонаи “як-фермер”-ро ҳамроҳ бо феҳристи таҷдид кардашуда  таҳия менамоянд.

Ҳамаи ин талошҳо бо мақсади беҳтар намудани дастрасии маълумоти босифат дар соҳаи кишоварзӣ барои мониторинги ислоҳоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон равона карда шудаанд. 

Омори соҳаи кишоварзӣ барои пайгирӣ кардани вазъи кунунии соҳаи кишоварзӣ ва таъминоти озуқаворӣ кӯмак расонда, маълумоти боэътимод ва возеҳро таъмин менамояд, ки барои банақшагирии беҳтари истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шароит фароҳаи меорад.

Дар чаҳорчӯбаи фаъолияти мазкур саволномаи нав ва универсалӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ таҳия карда шуд, ки 13 саволномаҳои мавҷударо иваз карда, ҷамъоварии маълумот ва коркарди онро осон мегардонад. Илова бар ин, барномаи компутерӣ барои такмил додани фаъолияти мутахассисони соҳаи омор дар ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумот таҳия карда шуда, оид ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ маълумоти умумӣ таъмин менамояд. Қадами мазкур ба мутахассисисони соҳаи омор ва шахсони масъули қарор қабулкунанда маълумоти босифат ва боэътимодро байни давраҳои барӯйхатгирии соҳаи кишоварзӣ, ки ҳар як даҳсола ба амал меояд, дастрас мегардонад.

“Таҳлил намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ дар вобастагӣ ба ҳаҷми ҳосил, истеъмол ва истеҳсоли чорво, идоракунии захираҳои замин ва об хеле муҳим мебошад,” – таъкид намуд Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. – Методологияи пурсиш ва дастурҳои таҳияшуда барои мутахассисони соҳаи омор дар ноҳияву ҷамоатҳо имконияти хуб барои таҳлил намудани хусусиятҳои заминҳои кишоварзӣва маҳсулотҳои кишоварзии онҳо дастрас менамояд. Дастгирии техникии ФАО бояд ба Агентии давлатии омор дар оянда барои амалӣ кардани таҳлилҳои кӯтоҳмуддати маълумотҳои барӯйхатгирӣ имконият диҳад”.

Методологияи пешниҳодшуда, ки аз ҷониби мутахассиси ФАО оид ба соҳаи омор Мамука Надарешвили таҳия карда шудааст, дар асоси методологияи таҳқиқоти интихобӣ бунёд ёфтааст.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки ба мутахассисони миллӣ ва маҳаллии соҳаи омор бо мақсади татбиқ намудани усули нави ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳои оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ омӯзиш гузаронида шуд. Бо истифода аз ин методолгия акнун мутахассисон ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот метавонанд вақт ва захираҳои худро сарфа намоянд.

Фаъолиятҳои вобаста ба маълумот ва оморҳои кишоварзӣ як қисми лоиҳаи “Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат” ба шумор рафта, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. Мақсади асосии лоиҳа кӯмак расонидан ба ҳукумат дар амалӣ намудани ислоҳоти институтсионалии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла амният ва бехатарии озуқаворӣ ва такмили сифати маълумот дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...