Таърихи фатҳи қуллаи баландтарин дар Иттиҳоди Шӯравӣ

Таърихи кашфи қулла тӯлонӣ ва ғайриоддӣ буда, ба омӯзиши Помир аз ҷониби муҳаққиқони русу олмонӣ марбут аст. Дар бораи андозаи баландии он солҳои зиёд баҳсҳо идома карда, танҳо дар соли 1928 муайян карда шуд, ки баландии он 7496 метр ва нуқтаи баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аст. Соли 1932 ба ин қулла номи Сталин (ба ифтихори […]

Таърихи кашфи қулла тӯлонӣ ва ғайриоддӣ буда, ба омӯзиши Помир аз ҷониби муҳаққиқони русу олмонӣ марбут аст.

Дар бораи андозаи баландии он солҳои зиёд баҳсҳо идома карда, танҳо дар соли 1928 муайян карда шуд, ки баландии он 7496 метр ва нуқтаи баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аст. Соли 1932 ба ин қулла номи Сталин (ба ифтихори 55-солагиаш) гузошта шуд.

Соли 1933 дар ҷараёни хеле тӯлонӣ ва душвори фатҳи қулла танҳо як кӯҳнавард – Евгений Абалаков то нуқтаи баландтарини он расида тавонист. Дар қулла дастгоҳи автоматии радиоии обуҳавосанҷӣ гузошта шуда, ин рӯз санаи фатҳи қуллаи баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ шуморида мешавад.

То соли 1962 қулла ба номи Сталин боқӣ монда, сипас ба қуллаи Коммунизм ва баъдан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ табдили ном кард. Сарфи назар аз ном, то ҳол ин қулла барои кӯҳнавардони саросари ҷаҳон ҷолибу мавриди таваҷҷуҳ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.