Барои пинҳон доштани амвол ва даромад мансабдорони давлатӣ аз кор озод шуда метавонанд

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки мансабдорони давлатӣ, ки дар ҷойи корашон доир ба даромади худ маълумоти носаҳеҳ медиҳанд ё аз пешниҳоди он саркашӣ мекунанд, аз вазифаҳояшон озод карда шаванд. Ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешниҳод ворид шуд, ки мувофиқи он […]

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки мансабдорони давлатӣ, ки дар ҷойи корашон доир ба даромади худ маълумоти носаҳеҳ медиҳанд ё аз пешниҳоди он саркашӣ мекунанд, аз вазифаҳояшон озод карда шаванд.

Ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешниҳод ворид шуд, ки мувофиқи он барои пинҳон доштани амволи худ ва амволи аъзои оила мансабдорони давлатӣ метавонанд аз мансаб сабукдӯш шаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Тибқи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, мансабдорони давлатӣ уҳдадоранд, ки дар ҷойи корашон доир ба даромад, амволи манқул ва ғайриманқул, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, қарзҳои бонкии беш аз 25 ҳазор сомонӣ ва амволи аъзои оилаашон эъломия супоранд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, тағйироту иловаҳои зикршуда ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» эҳтимол аллакай моҳи октябр қабул шаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.