Гиромидошти хотираи сайёҳони велосипедрони фавтида дар Данғара

Дар шоҳроҳи Душанбе – Данғара охири ҳафтаи гузашта ба хотири гиромидошти хотираи сайёҳони хориҷии велосипедрони фавтида дар ин масир лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуда, ҳамин рӯз ба ин муносибат веломарафон доир гардид. Чорабинӣ аз ҷониби ширкати “Рахш-такси” ташкил карда шуд. Веломарафон аз дарвозаҳои шарқии Душанбе (9 километр) оғоз гардида, тариқи варзишгоҳи марказии шахри Ваҳдат, чорроҳаи шаҳри […]

Дар шоҳроҳи Душанбе – Данғара охири ҳафтаи гузашта ба хотири гиромидошти хотираи сайёҳони хориҷии велосипедрони фавтида дар ин масир лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуда, ҳамин рӯз ба ин муносибат веломарафон доир гардид. Чорабинӣ аз ҷониби ширкати “Рахш-такси” ташкил карда шуд.

Веломарафон аз дарвозаҳои шарқии Душанбе (9 километр) оғоз гардида, тариқи варзишгоҳи марказии шахри Ваҳдат, чорроҳаи шаҳри Норак, нақби дуюм то макони фавти сайёҳон сурат гирифт.

Дар веломарафон ба масофаи 87 километр наздики 50 нафар велосипедронони суннусол ва сатҳи омодагии гуногун ширкат варзиданд. Дар тамоми масофаи роҳ велосипедрононро кормандони БДА, Ёрии таъҷилии тиббӣ ва автомашинаҳои кумаки техникӣ ҳамроҳӣ карданд.

Қатори автомашинаҳои “Рахш-такси” бо парчамҳои давлатӣ ва парчами корхона (ҳамагӣ беш аз 25 автомашина) ба ҷойи ифтитоҳи ҳайкал ҳозир шуданд. Замони баргузории чорабинӣ ҳаракати нақлиёт аз ҳарду самт баста шуд. Дақиқаи хомӯшии эълонкарда аз ҷониби директори корхонаи “Рахш-такси” Артём Катаев бо хомӯшии тамом сипарӣ шуд.

– Дар веломарафон намояндагони давлатҳои хориҷӣ низ ширкат варзида, нисбати давлату мардуми мо бо ҳисси эҳтиром сухан гуфтанд. Ин барои мо хеле муҳим аст. Амалҳои террористӣ дар бисёр кишварҳо рух дода, акнун мо ҳам ба он дучор шудем. Лекин дарҳои Тоҷикистон чун пешина барои ҳамаи хоҳишмандоне, ки ба кишвари мо ташриф оварданианд, ҳамеша боз аст, – гуфт Артём Катаев.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.