Таҷлили ҷашни Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар Қоҳира

Asia-Plus

Дар яке меҳмонхонаҳои соҳили рӯди Нил дар Қоҳира ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид.

Дар ин маросим муовини вазири корҳои хориҷии Миср Холид Сарват, нахуствазири собиқи кишвар Исом Шараф, аъзои парламент, ҷамъе аз сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, расонаҳо, аҳли илму фарҳанг ва бозаргонони кишвар ва гурӯҳе аз шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.

Дар суханони шодбоши худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ зимни зикри муҳимтарин дастовардҳои кишвари мо, ки дар даврони Истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масири худро ба сӯи таҳкими амну субот, пешрафти иқтисодӣ ва рафоҳи иҷтимоӣ идома хоҳад дод.

Бояд ёдовар шуд, ки 1 апрели соли ҷорӣ ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср 25 сол пур гардида, ба ин муносибати таърихӣ байни сарони ду кишвари дӯст мубодилаи паёмҳои табрикӣ сурат гирифт. Вале, бо вуҷуди ин, таърихи робитаҳо ва додуситад байни мардумони тоҷику мисрӣ ба чанд ҳазор сол пеш бармегардад, ки далели гӯёи ин гуфтаҳо кашфи лоҷварди Бадахшон дар зеваролоти фиръавнӣ мебошад.

Меҳмонони зиёфати расмӣ имкон доштанд, ки бо гӯшаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин маҷмӯаи расмҳои рассомони шинохтаи тоҷик Фаридун ва Фаррух Неъматзода, намунаҳои сӯзаниҳои тоҷикӣ ва нақшу нигори дигари миллӣ шинос шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...