Таҷлили ҷашни Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар Қоҳира

Дар яке меҳмонхонаҳои соҳили рӯди Нил дар Қоҳира ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид. Дар ин маросим муовини вазири корҳои хориҷии Миср Холид Сарват, нахуствазири собиқи кишвар Исом Шараф, аъзои парламент, ҷамъе аз сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, расонаҳо, аҳли илму фарҳанг ва бозаргонони […]

Дар яке меҳмонхонаҳои соҳили рӯди Нил дар Қоҳира ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид.

Дар ин маросим муовини вазири корҳои хориҷии Миср Холид Сарват, нахуствазири собиқи кишвар Исом Шараф, аъзои парламент, ҷамъе аз сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, расонаҳо, аҳли илму фарҳанг ва бозаргонони кишвар ва гурӯҳе аз шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.

Дар суханони шодбоши худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ зимни зикри муҳимтарин дастовардҳои кишвари мо, ки дар даврони Истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масири худро ба сӯи таҳкими амну субот, пешрафти иқтисодӣ ва рафоҳи иҷтимоӣ идома хоҳад дод.

Бояд ёдовар шуд, ки 1 апрели соли ҷорӣ ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср 25 сол пур гардида, ба ин муносибати таърихӣ байни сарони ду кишвари дӯст мубодилаи паёмҳои табрикӣ сурат гирифт. Вале, бо вуҷуди ин, таърихи робитаҳо ва додуситад байни мардумони тоҷику мисрӣ ба чанд ҳазор сол пеш бармегардад, ки далели гӯёи ин гуфтаҳо кашфи лоҷварди Бадахшон дар зеваролоти фиръавнӣ мебошад.

Меҳмонони зиёфати расмӣ имкон доштанд, ки бо гӯшаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин маҷмӯаи расмҳои рассомони шинохтаи тоҷик Фаридун ва Фаррух Неъматзода, намунаҳои сӯзаниҳои тоҷикӣ ва нақшу нигори дигари миллӣ шинос шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.