Тирамоҳ Путин аз Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад

Asia-Plus

Моҳи сентябр ва октябри соли равон президенти Русия Владимири Путин аз Озарбойҷону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боздид мекунад, хабар медиҳад нашрияи “Известия” бо истинод ба ёвари сарвари давлати Русия оид ба корҳои байнулмилалӣ Юрий Ушаков.

“Охири моҳи сентябр президенти Русия Владимир Путин ба Озарбойҷон сафар мекунад. Ғайр аз ин, рӯзҳои 27-28 сентябр сарвари давлат дар вохӯрии сарони кишварҳои ИДМ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ширкат меварзад”, – гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, моҳи ноябр сафари президенти Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки охири моҳи сентябр дар Душанбе доир мегардад, баррасии масоили ҳамкориҳои сиёсӣ ва гуманитарӣ ва таъмини амният, аз ҷумла муҳокимаи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...