Тирамоҳ Путин аз Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад

Моҳи сентябр ва октябри соли равон президенти Русия Владимири Путин аз Озарбойҷону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боздид мекунад, хабар медиҳад нашрияи “Известия” бо истинод ба ёвари сарвари давлати Русия оид ба корҳои байнулмилалӣ Юрий Ушаков. “Охири моҳи сентябр президенти Русия Владимир Путин ба Озарбойҷон сафар мекунад. Ғайр аз ин, рӯзҳои 27-28 сентябр сарвари давлат дар вохӯрии […]

Моҳи сентябр ва октябри соли равон президенти Русия Владимири Путин аз Озарбойҷону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боздид мекунад, хабар медиҳад нашрияи “Известия” бо истинод ба ёвари сарвари давлати Русия оид ба корҳои байнулмилалӣ Юрий Ушаков.

“Охири моҳи сентябр президенти Русия Владимир Путин ба Озарбойҷон сафар мекунад. Ғайр аз ин, рӯзҳои 27-28 сентябр сарвари давлат дар вохӯрии сарони кишварҳои ИДМ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ширкат меварзад”, – гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, моҳи ноябр сафари президенти Русия Владимир Путин ба Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки охири моҳи сентябр дар Душанбе доир мегардад, баррасии масоили ҳамкориҳои сиёсӣ ва гуманитарӣ ва таъмини амният, аз ҷумла муҳокимаи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.